Сарвари давлат бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот машварати корӣ доир намуд

Душанбе. 10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот машварати корӣ доир намуд. Таваҷҷӯҳи зиёд ба масоили омодагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба бартарфсозии оқибати офатҳои табиӣ ва ҳамчунин ба фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовар ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза […]

root


Душанбе. 10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот машварати корӣ доир намуд.




Таваҷҷӯҳи зиёд ба масоили омодагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба бартарфсозии оқибати офатҳои табиӣ ва ҳамчунин ба фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовар ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зоҳир гардид.



Сарвари давлат оид ба пурзӯр намудани тартибу низом дар байни кормандони худи сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва муборизаи беамон бурдан бо коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояту қонуншиканиҳо супоришҳои мушаххас дод.



Дар робита ба таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дастур дода шуд, ки аз маблағҳои буҷетӣ ва захираҳои моддӣ сарфакорона истифода баранд.



Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба иҷрои қонунҳо, қарорҳои ҳукумат ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба фаъолияти ин сохторҳо дахл доранд, таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба ҳозирин супоришҳои қатъӣ дод. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.