Дар Теҳрон вазирони корҳои хориҷии Эрону Тоҷикистон масъалаи анҷоми пурраи сохтмони нақби «Истиқлол»-ро баррасӣ карданд

Душанбе. 13-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Ашқобод қарор дошт, озими шаҳри Теҳрон гашта, бо вазири корҳои хориҷии Эрон, доктор Манучеҳри Муттақӣ гуфтушунид кард. Чӣ тавре ки аз департаменти иттилооти Вазорати ВКХ ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар вохӯрӣ […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 13-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Ашқобод қарор дошт, озими шаҳри Теҳрон гашта, бо вазири корҳои хориҷии Эрон, доктор Манучеҳри Муттақӣ гуфтушунид кард.




Чӣ тавре ки аз департаменти иттилооти Вазорати ВКХ ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар вохӯрӣ масоили дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо ба масъалаи анҷоми пурраи сохтмони нақби «Истиқлол», суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-2», таҳияи заминаи фанниву техникии сохтмони роҳи оҳани Шерхон-Бандар – Мазори Шариф – Ҳирот – Машҳад ва ҷудо кардани қарз ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир сохтанд



«Зимни гуфтушунид атрофи масоили густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн табодули афкор сурат гирифт», – афзуд манбаъ.



Нимаи дуввуми рӯз Ҳамрохон Зарифӣ ба ватан баргашт.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.