Дар Душанбе ба гумони даст доштан дар куштор бародари собиқ вазири умури дохилии ҶТ боздошт гардид

            Душанбе. 18-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар куштор ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ бародари Маҳмадназар Солеҳов, собиқ вазири умури дохилии ҶТ – Тағойназар Солеҳов боздошт гардид.             Чӣ тавре ки муовини аввали додситони пойтахт Сайфиддин Сироҷзода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, Т.Солеҳов ба қатли хеши худ, корманди милиса […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 18-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар куштор ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ бародари Маҳмадназар Солеҳов, собиқ вазири умури дохилии ҶТ – Тағойназар Солеҳов боздошт гардид.





           

Чӣ тавре ки муовини аввали додситони пойтахт Сайфиддин Сироҷзода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, Т.Солеҳов ба қатли хеши худ, корманди милиса Далер Фозилов гумонбар дониста мешавад.




           

Бино ба иттилои манбаъ, нисбат ба боздоштшуда тибқи моддаҳои 104 (Куштор) ва 195-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Харидории ғайриқонунӣ, интиқол, фурӯш ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ, муҳимот, маводи тарканда ва дастгоҳҳои тарканда) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.




           

Айни замон Т.Солеҳов дар боздоштгоҳи муваққатии Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе қарор дорад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.