Пойгаи марафонӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи пойтахт оғоз гардид

Душанбе. 18-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Пойгаи марафонӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи пойтахт оғоз гардид. Чӣ тавре ки сардори раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти шаҳрдории Душанбе Дилшод Қурбонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, марафон аз соати 8 то 11 аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ оғоз гардида, то посгоҳи БДА-и «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб идома […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 18-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Пойгаи марафонӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи пойтахт оғоз гардид.




Чӣ тавре ки сардори раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти шаҳрдории Душанбе Дилшод Қурбонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, марафон аз соати 8 то 11 аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ оғоз гардида, то посгоҳи БДА-и «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб идома меёбад ва сипас аз он ҷо варзишгарон боз то ҷойи аввала бармегарданд. «Баҳри ҳавасмандии иштирокчиён аз ҳисоби воситаҳои озоди буҷаи шаҳр 24 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ғолиби марафон бо 5 ҳазор ва ҷойҳои дуввуму саввум мутаносибан бо 4 ва 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадронӣ хоҳанд шуд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи Д.Қурбонов, барои иштирок дар марафон донишҷӯёни макотиби олӣ ва намояндагони корхонаву муассисоти шаҳр даъват шудаанд. «Намояндагони корпусҳои дипломатии муқими пойтахт низ хоҳиши иштирок дар пойгаи марафониро иброз доштанд», – афзуд Д.Қурбонов.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.