Беш аз якуним тонна маводи мухаддир дар зарфи чор моҳ

            Душанбе. 11-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи чаҳор моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти марбутаи Тоҷикистон 1 тоннаву 548 килову 455 грамм маводи мухаддир мусодира карда шуд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, аз ин миқдор, аз ҷумла, беш аз 351 килояшро […]



           

Душанбе. 11-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи чаҳор моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти марбутаи Тоҷикистон 1 тоннаву 548 килову


455 грамм

маводи мухаддир мусодира карда шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, аз ин миқдор, аз ҷумла, беш аз 351 килояшро маводи сахттаъсири ҳероин, беш аз 217 килояшро афюн ва зиёда аз 979 килояшро маводи мухаддири гурӯҳи каннабис ташкил медиҳад.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳамин давраи соли гузашта аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 2 тоннаву 203 кило маводи мухаддир мусодира гардида буд.



«Дар ин давра аз ҷониби кормандони АНМН – 229 килову

298 грамм

, кормандони ВКД ҶТ – беш аз 780 кило, сарҳадбонони Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ – 304 килову

350 грамм

, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – 172 килову

452 грамм

маводи мухаддир мусодира карда шуд», – афзуд манбаъ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.