Рӯзи Дави миллӣ дар як вақт дар саросари ҷумҳурӣ баргузор мешавад

            Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чорабинии «Ҳафтаи ҷавонони Тоҷикистон», ки 23-юми май ҷамъбаст мегардад, бо баргузории Рӯзи дави миллӣ оғоз мегардад.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ хабар доданд, собиқадорони варзиш, маъюбон, хонандагони макотиби таҳсилоти умумиву олӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, тоҷирон ва дигар табақаҳои ҷомеа […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чорабинии «Ҳафтаи ҷавонони Тоҷикистон», ки 23-юми май ҷамъбаст мегардад, бо баргузории Рӯзи дави миллӣ оғоз мегардад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ хабар доданд, собиқадорони варзиш, маъюбон, хонандагони макотиби таҳсилоти умумиву олӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, тоҷирон ва дигар табақаҳои ҷомеа хоҳиши иштирок дар Рӯзи дави миллиро кардаанд. «Рӯзи Дави миллӣ дар як вақт дар саросари ҷумҳурӣ баргузор гардида, дар шаҳри Душанбе он соати 9-и субҳ аз посгоҳи назоратии БДА-и «Чорбоғ» шурӯъ мешавад», – гуфт манбаъ.




           

Ёдрас мекунем, ки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон якчанд маротиба шахсан дар ин чорабинӣ иштирок кард. Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон маротибаи 14-ум доир мегардад. Соли гузашта дар он беш аз 100 ҳазор нафар ширкат варзиданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.