Ҳ.Зарифӣ ва вазири давлатии АМА оид ба корҳои хориҷӣ дурнамои ҳамкориҳои байни ду кишварро мутақобилан судманд арзёбӣ намуданд

Душанбе. 25-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – 23 майи соли 2009 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҳошияи иштирокаш дар кори иҷлосияи 36-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Конфронси исломӣ бо раиси ҳайъати Амороти Муттаҳидаи Араб, вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии ин кишвар Анвар Қарқош бо дархости ӯ вохӯрд. Ҳамрохон Зарифӣ […]

root


Душанбе. 25-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – 23 майи соли 2009 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҳошияи иштирокаш дар кори иҷлосияи 36-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Конфронси исломӣ бо раиси ҳайъати Амороти Муттаҳидаи Араб, вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии ин кишвар Анвар Қарқош бо дархости ӯ вохӯрд.




Ҳамрохон Зарифӣ ва Анвар Қарқош зимни сӯҳбат аз динамикаи рушди муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, дурнамои ҳамкориҳои байни ду кишварро мутақобилан судманд арзёбӣ намуданд.



Вазири аморотӣ ба ҷониби Тоҷикистон аз дастгирии ташаббуси кишвараш барои пазироии қароргоҳи Ожонси нерӯи таҷдидшаванда (IRENA) изҳори қадрдонӣ карда, онро нишонаи муносибатҳои дӯстонаи байни ду кишвар донист. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии ҶТ хабар доданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.