«Занги камолот» дар макотиби Тоҷикистон

            Душанбе. 25-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва литсейҳои ҷумҳурӣ барои хатмкунандагон маросими «Занги камолот» баргузор шуд. Соли равон дар ҷумҳурӣ 84 ҳазору 309 хонандаи синфи 11 ва 153,7 ҳазор толибилми синфи 9 мактабро хатм мекунанд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҶТ иттилоъ доданд, […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 25-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва литсейҳои ҷумҳурӣ барои хатмкунандагон маросими «Занги камолот» баргузор шуд. Соли равон дар ҷумҳурӣ 84 ҳазору 309 хонандаи синфи 11 ва 153,7 ҳазор толибилми синфи 9 мактабро хатм мекунанд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҶТ иттилоъ доданд, маросими мазкур муддати як соат идома ёфта, сипас хонандагон тибқи нақшаи таълим ба дарсҳо сафарбар шуданд.




           

Дар маросими ботантана хатмкунандагонро намояндагони Вазорати маориф, роҳбарони шӯъбаҳои маорифи шаҳриву ноҳиявӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон ва волидайни толибилмон табрик намуданд.




           

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз соли 2007 мувофиқи фармоиши президенти Тоҷикистон, бо мақсади сарфаи хароҷот аз ҷониби волидайн ва таъмини амнияти хатмкунандагон баргузории чорабиниҳои мактабӣ бахшида ба «Занги охирин» ва «Иди алифбо ва ҳамчунин доир сохтани сайругашти хатмкунандагон бо мошинҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ва мавзеъҳои истироҳатӣ» мамнӯъ эълон гардид.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.