Президенти Хорватия ба Суғд рафт

            Душанбе. 25-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи барномаи сафари расмӣ ба Тоҷикистон, имрӯз президенти Хорватия Степан Месич, ки рӯзи 23-юми май ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, озими вилояти Суғд шуд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, сарвари давлати Хорватия дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бо […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 25-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи барномаи сафари расмӣ ба Тоҷикистон, имрӯз президенти Хорватия Степан Месич, ки рӯзи 23-юми май ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, озими вилояти Суғд шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, сарвари давлати Хорватия дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бо мақомоти раҳбарии вилоят дидору гуфтушунид карда, бо ёдгориҳои таърихии ин минтақа аз наздик ошно мегардад. «Президенти Хорватия аз як қатор иншооти саноатии вилоят низ боздид хоҳад кард», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин сафар перзиденти Хорватияро нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ҳамроҳӣ мекунад ва нимаи дуввуми имрӯз Степан Месич ба ватан бармегардад.




           

Ёдрас мекунем, ки чанде пештар пас аз музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Хорватия миёни кишварҳо як қатор санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид. Сарвари давлати Хорватия ҳамчунин бо раиси МН МО ҶТ Сайдулло Хайруллоев мулоқот ороста, бо фаъолияти КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» аз наздик шинос шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.