Ба муносибати 10-солагии таъсисиёбии АНМН конфронси байнулмилалӣ доир мегардад

            Душанбе. 25-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Ба муносибати 10-умин солгарди таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон рӯзи 29-уми май дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Таҳлил ва табодули иттилоот дар соҳаи мубориза бо маводи мухаддир, таҳкими ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ» конфронси байнулмилалӣ доир мегардад.             Чӣ тавре ки ба ОИ […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 25-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Ба муносибати 10-умин солгарди таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон рӯзи 29-уми май дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Таҳлил ва табодули иттилоот дар соҳаи мубориза бо маводи мухаддир, таҳкими ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ» конфронси байнулмилалӣ доир мегардад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи ҳамкории байнулмилалии агентӣ Абдулҳамид Норов иттилоъ дод, конфронс аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ва Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ созмон дода шуда, баҳри иштирок дар кори он намояндагони хадамоти дахлдори кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Русия, Афғонистон ва созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон даъват шудаанд. «Иштирокдорони конфронс масъалаи механизмҳои табодули иттилоот дар кори мубориза бо маводи мухаддирро баррасӣ намуда, таҷрибаи Тоҷикистон дар кори таъсиси агентии зидди маводи нашъаоварро мавриди омӯзиш қарор хоҳанд дод», – гуфт ӯ.




           

Зикр гардид, ки иштирокдорон ва меҳмонони конфронс рӯзи 30-юми май дар ҷамъомади тантанавӣ ва консерт бо иштироки мақомоти раҳбарии кишвар низ ширкат хоҳанд варзид.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.