Кишварҳои узви СКИ дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба Тоҷикистон кӯмак мекунанд

Душанбе. 26-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Конфронси исломӣ аз кишварҳои аъзои созмон даъват ба амал оварданд, ки ба Тоҷикистон ҷиҳати рафъи оқибатҳои боришоти шадид ва резиши селу ярчи чанде пештар рухдода кӯмак расонанд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ хабар доданд, дар […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 26-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Конфронси исломӣ аз кишварҳои аъзои созмон даъват ба амал оварданд, ки ба Тоҷикистон ҷиҳати рафъи оқибатҳои боришоти шадид ва резиши селу ярчи чанде пештар рухдода кӯмак расонанд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ хабар доданд, дар қатъномаи қабулгардида гуфта мешавад, ки иҷлосияи 36-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СКИ бо назардошти барномаи 10-солаи амал бобати таҳкими саҳми Созмон дар масоили ҳамкориҳои иҷтимоӣ оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва муқаррароти Эъломияи ниҳоии иҷлосияи 11-уми нишасти сарони кишварҳои узви СКИ роҷеъ ба таҳкими нақши Котиботи Кулли дар кори мубориза бо офатҳои табиӣ дар ҷаҳони ислом, аз кишварҳои узви Конфронс даъват кардааст, ки ба Тоҷикистон ҷиҳати рафъи оқибатҳои табиии чанде пештар рухдода кӯмак намоянд.



Бино ба иттилои манбаъ, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СКИ ҳамчунин аз Бонки исломии рушд ва Бунёди ҳамрайъии исломӣ низ даъват кардааст, ки ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстонаи таъҷилӣ ва молиявӣ расонанд.


          Айни замон 57 кишвари дунё узви Созмони Конфронси исломӣ буда, шумори аҳолии кишварҳои узви созмон 1,2 млрд. нафарро ташкил медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1992 ба узвияти СКИ пазируфта шуд.




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.