Президенти Тоҷикистон вазири мудофиаи Қазоқистонро ба ҳузур пазируфт

Душанбе. 27-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Даниал Ахметовро, ки бо сафари расмии дурӯза ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Қазоқистон дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай […]

root


Душанбе. 27-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Даниал Ахметовро, ки бо сафари расмии дурӯза ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.




Дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Қазоқистон дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.



Сарвари давлат аз сатҳу мазмуни ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ба роҳбарияти давлати Қазоқистон барои кӯмакҳои зиёди бародарона, аз ҷумла ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон арзи сипос намуд.



Гуфтугӯйи судманд оид ба зарурати густариши ҳамкориҳо дар омодасозии кадрҳо, мубодилаи таҷрибаю иттилоот дар мубориза бо терроризму экстремизм ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.



Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва дурнамои рушди он гуфутугӯ сурат гирифт. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.