Панҷ донишҷӯи тоҷики макотиби олии Қоҳира ба ватан истирдод мешаванд

Душанбе. 5-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Панҷ донишҷӯи тоҷики макотиби олии Қоҳира ба ватан истирдод мешаванд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев хабар дод, ҳукуматдорони Миср барои он чунин тасмим гирифтаанд, ки донишҷӯёни тоҷик тартиботи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрви Мисрро риоя накардаанд.   Ёдрас мекунем, ки шаби […]

Виктория Наумова


Душанбе. 5-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Панҷ донишҷӯи тоҷики макотиби олии Қоҳира ба ватан истирдод мешаванд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев хабар дод, ҳукуматдорони Миср барои он чунин тасмим гирифтаанд, ки донишҷӯёни тоҷик тартиботи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрви Мисрро риоя накардаанд.




 

Ёдрас мекунем, ки шаби 26 ба 27-уми май пулиси Миср ҷиҳати тафтиши риояи тартиби будубоши шаҳрвандони хориҷӣ санҷиш гузаронида, зиёда аз 150 нафар шаҳрванди хориҷиро боздошт намуд, ки дар байни онҳо 15 нафар донишҷӯёни тоҷик низ ҳузур доштанд. Мувофиқи маълумоти ВКХ ҶТ, 6 нафари онҳо рӯзи 27-ум ва боз чор нафари дигар рӯзи 30-юми май раҳо гардида буданд.



Ба гуфтаи Д.Назриев, имрӯз ба Вазорати корҳои хориҷӣ мактуби ҳукуматдорони Миср расидааст, ки дар он гуфта мешавад,

 

ҳуҷҷатҳои панҷ нафари боқимонда ноқисиҳо дошта, ду нафар донишҷӯи тоҷик ҳатто дар консулгарии сафорат сабт нагардидаанд. «Донишҷӯён мустақилона ба Миср баҳри таҳсил рафта буданд ва аз ин рӯ, аз ҳисоби худашон ба ватан истирдод мегарданд», – афзуд ӯ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.