Истирдоди се донишҷӯи тоҷик аз пойтахти Миср

            Душанбе. 8-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар ҳукуматдорони Миср се донишҷӯи Донишгоҳи исломии «Ал-Азҳар»-и Қоҳираро, ки дар қатори 15 нафар донишҷӯёни дигари   тоҷик шаби 26 ба 27-уми май боздошт шуда буданд, ба ватан истирдод карданд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, айни […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 8-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар ҳукуматдорони Миср се донишҷӯи Донишгоҳи исломии «Ал-Азҳар»-и Қоҳираро, ки дар қатори 15 нафар донишҷӯёни дигари

 

тоҷик шаби 26 ба 27-уми май боздошт шуда буданд, ба ватан истирдод карданд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, айни замон донишҷӯёни истирдодшуда – Шавкат Кимсанов, Хуршед Эрматов ва Аламшо Шарифов дар шаҳри Маскав қарор доранд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, зимни баргузории амалиёти риояи тартиби будубоши шаҳрвандони хориҷӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Миср 15 нафар донишҷӯи макотиби олии Мисрро боздошт намуда, 6 нафари онҳоро рӯзи 27-ум ва 4 нафари дигарро рӯзи 30-юми май раҳо карда буданд. «Айни замон масъалаи истирдоди Фаридун Гулов ва Идибек Зиёвуддинов ҳанӯз пурра мушаххас нест ва аз эҳтимол дур нест, ки онҳо пайи идомаи таҳсил дар Миср бимонанд», – гуфт намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ.




           

Зикр гардид, ки ҳамаи шаҳрвандони боздоштшудаи тоҷик донишҷӯёни Доншгоҳи исломии «Ал-Азҳар»-и Қоҳира буда, мустақилона баҳри таҳсил ба Миср рафтаанд. «Ҳукуматдорони Миср онҳоро дар риоя накардани тартиботи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Миср гунаҳкор медонанд», – афзуд манбаъ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.