Эмомалӣ Раҳмон ва Ху Тсзинтао таъсиси фонди муштараки сармоягузории Тоҷикистону Чинро зарур донистанд

Душанбе. 15-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао мулоқот намуд. Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин, ки сол ба сол таҳкиму густариш меёбад, баррасӣ шуд. Аз афзоиши мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар, ки ҳаҷми он дар соли 2008 аз 1 […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 15-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао мулоқот намуд. Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин, ки сол ба сол таҳкиму густариш меёбад, баррасӣ шуд.




Аз афзоиши мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар, ки ҳаҷми он дар соли 2008 аз 1 миллиарду 250 миллион доллари амрикоӣ гузашт ва дар семоҳаи якуми соли равон болоравии он беш аз 80% – ро ташкил дод, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.



Ху Тсзинтао иттилоъ дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои дастгирии чораҳои зиддибӯҳронии

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷудо намудани 60 млн. юан кӯмаки бебозгашт қарор қабул намуд.



Бо хушнудӣ таъкид гардид, ки тамоми санадҳои ҳамкории миёни ду кишвар, аз ҷумла оид ба сохтмони роҳу пулҳо, туннели Шаҳристон ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқи Лолазор-Хатлон ва

 

Ҷануб-Шимол дар Тоҷикистон бо суръат ва сифати баланд амалӣ мегарданд.



Сарони ду давлат омодагии худро баҳри таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории барои ҳарду ҷониб судбахш, аз ҷумла оид ба сохтмону азнавсозии роҳи мошингарди Кулма-Хорӯғ-Кӯлоб-Данғара-Душанбе ва минтақаи озоди тиҷоратию нақлиётӣ дар ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон таъкид намуданд.



Изҳори боварӣ карда шуд, ки татбиқи санадҳои

 

миёни Тоҷикистон ва ноҳияи Синтсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баимзорасида оид ба сохтмони нерӯгоҳи обии Нуробод – 1 дар болои дарёи Хингоб, Маркази нави барқу гармидиҳии бо ангишт коркунанда дар шаҳри Душанбе ва корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори солонаи 1 миллион тонна дар ояндаи наздик оғоз ёфта, дар муддати кӯтоҳ ба кор дароварда мешаванд.



Бо назардошти нақшаҳои калони ҳамкории иқтисодӣ бунёди Хазинаи муштараки сармоягузории Тоҷикистону Чин зарур шумурда шуд.



Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки татбиқи нақшаю барномаҳои ҳамкории миёни Тоҷикистону Чин ба нафъи кулли минтақа ва рушди ҳамкориҳои судманди минтақавӣ буда, ба таҳкими амнияту субот, аз ҷумла дар Афғонистони азиятдида низ мусоидат хоҳад намуд.



Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили ҳарбӣ-

 

сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ки аз самтҳои асосии ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай аст, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.