Ба Тоҷикистон барои солҳои 2009-2010 аз Хазинаи рушди БРО 102 млн. $ кӯмаки бебозгашт ҷудо мегардад

Душанбе. 16-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки рушди Осиё барои Тоҷикистон дар тӯли солҳои 2009-2013 Стратегияи ҷадиди шарикӣ таҳия месозад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз БРО иттилоъ доданд, маъқулшумории барномаи мазкур аз ҷониби Шӯрои мудирони бонк моҳи октябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. «Ҳафтаи гузашта БРО корҳои таҳияи стратегияро ба анҷом расонида, […]

Амрита Қарғизова


Душанбе. 16-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки рушди Осиё барои Тоҷикистон дар тӯли солҳои 2009-2013 Стратегияи ҷадиди шарикӣ таҳия месозад.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз БРО иттилоъ доданд, маъқулшумории барномаи мазкур аз ҷониби Шӯрои мудирони бонк моҳи октябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. «Ҳафтаи гузашта БРО корҳои таҳияи стратегияро ба анҷом расонида, дар ҷараёни он бо намояндагони ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ, кишварҳову созмонҳои мададрасон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор машваратҳои пурмӯҳтаво доир намуд», – гуфтанд дар бонк.



Ба иттилои сарчашма, миқдори кӯмакҳои бебозгаште, ки барои ҷудо кардан ба Тоҷикистон тӯли солҳои 2009-2010 пешбинӣ шудааст, 102 млн. $ арзёбӣ мешавад. «Барномаи ҷадиди БРО оид ба Тоҷикистон асосан сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт ва ҳамчунин ислоҳоти куллӣ дар бахши хусусиро дар бар мегирад», – афзуд манбаъ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.