Дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 5,5 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шуд

Душанбе. 23-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 5 ҳазору 516 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 4,7 дарсад зиёдтар мебошад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, дар ин давра 49 дарсад ҷинояти марбут ба амвол, 965 […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 23-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 5 ҳазору 516 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 4,7 дарсад зиёдтар мебошад.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, дар ин давра 49 дарсад ҷинояти марбут ба амвол, 965 ҷинояти қаллобӣ, 38 ҳодисаи куштор ва 300 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифта шудааст.



Зикр гардид, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ 484 ҳодисаи қонуншиканӣ ошкор карда шуда, шумори ҷиноятҳои содиршуда дар ҳолати мастӣ аз 80 ҳодисаи ҳамин давраи соли гузашта ба 101 ҳодиса расидааст. 24 ҷиноят аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷинояткорӣ содир карда шуда, миқдори ҷиноёти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии силоҳ аз 33 ҳодисаи ҳамин давраи соли гузашта, то 19 ҳодиса дар ин давраи ҳисоботӣ камтар гардидааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.