Эмомалӣ Раҳмон боз ба як унвони байнулмилалӣ – медали тиллои Федератсияи байнулмилалии самбо сазовор дониста шуд

            Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз ба як унвони байнулмилалӣ – медали тиллои Федератсияи байнулмилалии самбо сазовор дониста шуд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, маросими супурдани медал зимни сафари кории сарвари давлат ба вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз ба як унвони байнулмилалӣ – медали тиллои Федератсияи байнулмилалии самбо сазовор дониста шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, маросими супурдани медал зимни сафари кории сарвари давлат ба вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шудааст.




           

Ба Эмомалӣ Раҳмон медалро ноиби президенти Федератсияи байнулмилалии самбо, президенти Федератсияи самбои Осиё Фазлиддин Пӯлодов супурдааст. Ф.Пӯлодов зимни супоридани мукофот саҳми президенти кишварро дар кори тарбияи насли солим ва рушди ин намуди варзиш дар тамоми минтақаи Осиё таъкид сохтааст.




           

Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз қадрдонии Федератсияи байнулмилалии самбо изҳори миннатдорӣ карда, таъкид сохтааст, ки ин унвонро на ҳамчун тӯҳфа ба худаш, балки чун қадрдонии тамоми варзишгарони ҷумҳурӣ арзёбӣ мекунад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.