Freedom House Тоҷикистонро ба қатори кишварҳои дорои «режимҳои устувори авторитарӣ» шомил сохт

            Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – RFE/RL ва Freedom House гузориши наверо дар бораи вазъи равандҳои демократӣ дар кишварҳои дар ҳоли гузор нашр карданд. Муаррифии он шоми сешанбе, 30-юми июн дар дафтари RFE/RL (Радиои Аврупои Озод- Радиои Озодӣ) дар Прага баргузор гашт. Мудири созмони Хонаи Озодӣ (Freedom House) дар Аврупо, Владимир Школников дар маҳфили […]

root



           

Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – RFE/RL ва Freedom House гузориши наверо дар бораи вазъи равандҳои демократӣ дар кишварҳои дар ҳоли гузор нашр карданд. Муаррифии он шоми сешанбе, 30-юми июн дар дафтари RFE/RL (Радиои Аврупои Озод- Радиои Озодӣ) дар Прага баргузор гашт. Мудири созмони Хонаи Озодӣ (Freedom House) дар Аврупо, Владимир Школников дар маҳфили муаррифии гузориш гуфт, соли 2009 барои кишварҳои нави Аврупои Марказӣ ва Авруосиё соли мушкиле буд ва дар таърих бо давраи ташаккули “режимҳои устувори авторитарӣ” боқӣ хоҳад монд.




Дар гузориш аз 29 кишвари мавриди мутолиа дар 18-тои онҳо ҳамаи нишондиҳандаҳои демократия поин омадаанд ва дар 8 кишвар “режимҳои устувори авторитарӣ” таъсис ёфтаанд. Инҳо, Беларус, Русия, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон будаанд, ки бо вуҷуди тафовутҳо дар ҷузъ умумиятҳои қавие дар кул доранд.




           

Тоҷикистон дар ин арзишёбӣ як намунаи рӯшан дониста мешавад. Чунончи, агар дар соли 1999-2000 ин кишвар аз рӯйи ҷадвали 1-беҳтарин демократия ва 7 — бадтарин ҳокимияти авторитарӣ 5.75 баҳогузорӣ шуда буд, ҳоло баҳои он 6.14-ро ташкил медиҳад. Дар бархе аз ҷанбаъҳои баҳои Тоҷикистон зиёда аз 1 дараҷа поён афтодааст. Ин ҷанбаъҳо — хосияти демократии низоми давлат бо тақсими ошкорои шохаҳои қудрат, интихоботи озоду одилона ва шаффоф, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, озодии матбуот, ҳимоя аз ҳуқуқи инсон ва ақаллиятҳои миллию мазҳабӣ, баробарии ҳамагон дар назди қонун, истиқлолияти додгоҳ ва сатҳи фасоди моливу таъсири он ба кори давлат, иқтисодиёт, иҷрои қонун мебошанд.



Дар ҳамаи ин самтҳо баҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ поён афтодааст ва фосилаи байни онҳо назар ба соли гузашта камтар шудааст. Чунончи баҳои куллӣ ба вазъи демократия дар онҳо: Қирғизистон 6.04, Русия – 6.11, Озарбойҷон – 6.25, Қазоқистон – 6.32, Тоҷикистон 6.14, Беларус — 6.57, Узбакистон – 6.89, Туркманистон – 6.93. Дар ин бора бахши тоҷикии сомонаи радиои Озодӣ хабар медиҳад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.