«Тоҷикгосстандарт»: Воридоти маҳсулоти пастсифат ба Тоҷикистон идома дорад

            Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни нишасти хабарӣ сарвари Агентии «Тоҷикгостандарт» Давлаталӣ Ҳотамов изҳор дошт, ки раванди воридоти маҳсулоти пастсифат ба Тоҷикистон тамоили афзоишро касб кардааст.             Д.Ҳотамов мегӯяд, аз рӯи санҷишҳои гузаронидашуда дар озмошгоҳҳои агентӣ ошкор шудааст, ки аз ҳаҷми умумии равғани рустании дар соли 2009 воридшуда, 11 дарсадаш ба меъёрҳо […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни нишасти хабарӣ сарвари Агентии «Тоҷикгостандарт» Давлаталӣ Ҳотамов изҳор дошт, ки раванди воридоти маҳсулоти пастсифат ба Тоҷикистон тамоили афзоишро касб кардааст.





           

Д.Ҳотамов мегӯяд, аз рӯи санҷишҳои гузаронидашуда дар озмошгоҳҳои агентӣ ошкор шудааст, ки аз ҳаҷми умумии равғани рустании дар соли 2009 воридшуда, 11 дарсадаш ба меъёрҳо ҷавобгӯ нестанд. «Ҳамчунин ошкор шуд, ки 4 дарсади маҳсулоти ширӣ, 9,2 дарсади маҳсули қаннодӣ, 8,3 дарсади маҳсулоти гӯштӣ, 16 дарсади маҳсулоти тамоку, 21 дарсади нӯшокиҳои ғайримашруботӣ ва 38,2 дарсади машруботи воридшуда пастсифатанд», – гуфт ӯ.




           

Ба қавли Д.Ҳотамов, баъзе соҳибкорон аз маҳдуд шудани санҷишҳои мақомоти назоратӣ истифода карда, истеҳол ва фурӯши маҳсулоти пастсифат, бидуни мӯҳр ва бо истифодаи ғилофакҳои қалбакиро зиёд кардаанд. «Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи нозирон 1206 санҷиши фаъолияти субъектони хоҷагидор гузаронида шуда, дар ин давра 313 партияи маҳсулот бо сабаби ғайристандартӣ буданашон ва 62 партияи маҳсулот бо сабаби надоштани сертификати мутобиқат аз фурӯш боздошта шуданд», – афзуд сарвари агентӣ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.