Вазири маорифи ҷумҳурӣ сабабҳои болоравии арзиши таҳсил дар макотиби олиро шарҳ дод

Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Маблағи пардохт ҳаққи таҳсил дар як қатор макотиби олии ҶТ соли равон афзуда хоҳад шуд. Чӣ тавре ки вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, пеш аз ҳама, ин болоравии арзиши таҳсил дар ҳаҷми 30 дарсад ба бахшҳои ҳуқуқшиносиву қисман иқтисодии макотиби олӣ […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Маблағи пардохт ҳаққи таҳсил дар як қатор макотиби олии ҶТ соли равон афзуда хоҳад шуд.




Чӣ тавре ки вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, пеш аз ҳама, ин болоравии арзиши таҳсил дар ҳаҷми 30 дарсад ба бахшҳои ҳуқуқшиносиву қисман иқтисодии макотиби олӣ дахл дошта, он то 1,8 ҳазор $ расидааст ва ин дар ҳолест, ки соли гузашта ин рақам аз 1,2 ҳазор $ бештар набуд.



Ба гуфтаи ӯ, сабаби ягонаи болоравии арзиши таҳсил – беҳбуди заминаи моддиву техникӣ ва афзоиши музди меҳнати омӯзгорони макотиби олӣ мебошад. «Дар самти омӯзиши фанновариҳои ҷадиди муосир макотиби олии кишвари мо нисбат ба кишварҳои дигар хеле қафо мондаанд ва гувоҳи ин гуфтаҳо он аст, ки танҳо дар ду мактаби олии мо (Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон) тахтаи омӯзишии электронӣ мавҷуд аст», – гуфт ӯ.



А.Раҳмонов мегӯяд, аз ин рӯ, барои бо истифода аз фанновариҳои ҷадиду муосир ба беҳбуди заминаи моддиву технпкии макотиби олӣ ноил гардидан, арзиши таҳсил афзуда шудааст. «Маблағи пардохти арзиши таҳсил дар макотиби олии ҷумҳурӣ бар асоси санади миёни Вазорати маориф ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ баимзорасида танзим карда мешавад», – изҳор дошт вазир.



Мавсуф ҳамчунин гуфт, қисми зиёди аҳолӣ тавони пардохти чунин маблағи таҳсилро доро нест, вале ба ихтисосҳое, ки маблағи таҳсил дар онҳо зиёд карда шудааст, талабот хеле зиёд аст ва маҳз ба ин иллат, дар баъзе мавридҳо роҳбарони мактабҳои олӣ маҷбур мешаванд, ки аз меъёр зиёдтар ба ин ихтисосҳо донишҷӯ қабул намоянд. «Соли равон масъалаи аз меъёр зиёд қабул кардани донишҷӯён ба макотиби олиро вазорат ва хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф таҳти назорати қатъӣ қарор хоҳанд дод», – афзуд А.Раҳмонов.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.