Сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия ва Покистону Афғонистон дар Душанбе гуфтушунид мекунанд

            Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири моҳи июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузории гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон дар назар аст.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев иттилоъ дод, сарвари давлати Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо сафари расмӣ   ва сарони […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири моҳи июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузории гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон дар назар аст.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев иттилоъ дод, сарвари давлати Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо сафари расмӣ

 

ва сарони кишварҳои Русияву Афғонистон бо сафари корӣ аз Тоҷикистон боздид мекунанд. «Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Дмитрий Медведев, Осиф Алӣ Зардорӣ ва Ҳомид Карзай баррасии масъалаи васли шабакаҳои нақлиётӣ, мухобиротӣ ва энергетикии Русияву Тоҷикистон бо Покистону Афғонистон ба нақша гирифта шудааст», – гуфт Д.Назриев.




           

Тибқи маълумоти ВКХ ҶТ, дар баробари масоили дигар, ҳамчунин ҷараёни корҳои амалисозии лоиҳаи бунёди хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ ва ташкили бозори нерӯи барқи ин минтақаҳо низ баррасӣ мешаванд.




           

Ёдрас мекунем, ки лоиҳаи


CASA


100 оид ба сохтмони хати интиқоли барқи минтақавӣ бо арзиши 680 млн. $ аввалҳои моҳи майи соли ҷорӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маъқул шуморида шуда, он имкон медиҳад, ки дар мавсими тобистон нерӯи барқи зиёдатии Тоҷикистону Қирғизистон ба пойтахти Афғонистон – шаҳри Кобул ва минтақаи шимолу ғарби Покистон интиқол дода шавад. Созишномаи таҳияи лоиҳаи бунёди хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ 100

 

(Central Asia-South Asian-1000 ё CASA-1000) ва ташкили бозори нерӯи барқи ин минтақаҳо аввали моҳи август зимни баргузории конфронси чаҳоруми иштирокчиёни лоиҳаи Бозори нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (


CASAREM


) дар Исломобод ба имзо расида буд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.