Дар Ашқобод масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии захоири обӣ дар минтакаи Осиёи Марказӣ баррасӣ мешавад

            Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 16-уми июл дар шаҳри Ашқобод таҳти унвони «Тавсеъаи ҳамкории минтақавӣ: вохӯрии ҳамоҳангсозӣ аз рӯи натиҷаҳои Нишасти сарони кишварҳои муассиси Хазинаи банулмилалии наҷоти баҳри Арал (ХБНБА) дар Алмаато» ба кор шурӯъ мекунад. Вохӯрӣ аз ҷониби Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунанда дар минтақаи Осиёи Марказӣ созмон дода мешавад.             Чӣ […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 16-уми июл дар шаҳри Ашқобод таҳти унвони «Тавсеъаи ҳамкории минтақавӣ: вохӯрии ҳамоҳангсозӣ аз рӯи натиҷаҳои Нишасти сарони кишварҳои муассиси Хазинаи банулмилалии наҷоти баҳри Арал (ХБНБА) дар Алмаато» ба кор шурӯъ мекунад. Вохӯрӣ аз ҷониби Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунанда дар минтақаи Осиёи Марказӣ созмон дода мешавад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари корманди масъули робита бо ҷомеаи маркази минтақавӣ Баҳоргул Раҳмонова иттилоъ дод, дар кори мизи мудаввар намояндагони кишварҳои муассиси ХБНБА, мақомоти раҳбарии Кумитаи иҷроияи ХБНБА, кормандони воҳидҳои идории СММ ва ҳамчунин созмонҳои банулмилалии мустақар дар минтақаи Осиёи Марказӣ ширкат меварзанд.




           

Ба қавли Б.Раҳмонова, ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ – баррасии роҳҳои пурсамари мусоидат ба кишварҳои минтақа дар амалисозии қарорҳои Нишасти сарони кишварҳои муассиси ХБНБА, ки моҳи апрел дар Алмаато ба тасвиб расида буд ва ҳамчунин роҳандозии иқдомоти минбаъда ҷиҳати рушди ҳамкориҳои кишварҳои минтақа дар бахши идоракунии оқилонаи захоири обии минтақа аст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.