Раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ: Бо рушди муносиботи бозорӣ шумори қонуншиканиҳои иқтисодӣ низ рӯ ба афзоиш мениҳад

            Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз зимни як нишасти матбуотӣ раиси Додгоҳи олии иқтисодии ҶТ Амирхоҷа Ғоибназаров изҳор дошт, ки сол то сол бо рушди муносиботи бозорӣ шумори қонуншиканиҳои иқтисодӣ низ рӯ ба афзоиш мениҳад.             Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ додгоҳҳои иқтисодии ҷумҳурӣ беш аз 1,2 ҳазор парвандаи […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз зимни як нишасти матбуотӣ раиси Додгоҳи олии иқтисодии ҶТ Амирхоҷа Ғоибназаров изҳор дошт, ки сол то сол бо рушди муносиботи бозорӣ шумори қонуншиканиҳои иқтисодӣ низ рӯ ба афзоиш мениҳад.





           

Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ додгоҳҳои иқтисодии ҷумҳурӣ беш аз 1,2 ҳазор парвандаи ҷиноӣ, аз ҷумла, 227-тоашро дар Додгоҳи олии иқтисодӣ баррасӣ карданд.

 

«Дар давраи ҳисоботӣ аризаҳои даъвогӣ ба маблағи зиёда аз 10,5 млн. сомонӣ қонеъ карда шуданд», – гуфт ӯ.




           

А.Ғоибназаров гуфт, соли равон додгоҳҳои иқтисодӣ ба фоидаи буҷаи давлат дар ҳаҷми зиёда аз 3,2 млн. сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнидаанд, ки аз ин миқдор 262,2 ҳазор сомонӣ ба ҳиссаи Додгоҳи олии иқтисодӣ рост меояд. «Дар ин давра иҷрочиёни додгоҳӣ ба маблағи ҳудуди 665 ҳазор сомонӣ ва 414,1 рубли русӣ 12 варақаҳои додгоҳиро ба иҷро расониданд», – афзуд А.Ғоибназаров.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.