Дар Душанбе мушкилоти мавҷудаи рушди соҳаи пахтакорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

            Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ мушкилоти мавҷудаи рушди соҳаи пахтакорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти кумитаи мазкур иттилоъ доданд, гурӯҳи байниидоравии ҳукумати ҶТ таҳти раёсати муовини аввали раиси кумита Абдуҷаббор Рҳмонов оид ба […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ мушкилоти мавҷудаи рушди соҳаи пахтакорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти кумитаи мазкур иттилоъ доданд, гурӯҳи байниидоравии ҳукумати ҶТ таҳти раёсати муовини аввали раиси кумита Абдуҷаббор Рҳмонов оид ба масъалаи омӯзиш ва ҳалли мушкилоти мавҷудаи татбиқи Лоиҳаи рушди устувори соҳаи пахтакорӣ дар ҷумҳурӣ ҷаласа доир сохт.



«Ба ҳайати гурӯҳ намояндагони кумита, вазоратҳои молияву кишоварзӣ шомил буда, он баҳри иҷрои қарордодҳои Протоколи машварати кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки 6 апрели соли ҷорӣ бо мақсади аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё маблағгузорӣ шудани ин лоиҳа доир гардида буд, таъсис дода шуд», – гуфт манбаъ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.