Аз рӯи далели марги табиби маркази саратоншиносии ҷумҳурӣ Х.Бобокалонов парвандаи ҷиноӣ боз шуд

            Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯи далели марги табиби маркази саратоншиносии ҷумҳурӣ Хуршед Бобокалонов тибқи моддаи «аз рӯи беэҳтиётӣ ба қатл расонидан, ки аз ҷониби гурӯҳи шахсон содир шудааст», парвандаи ҷиноӣ боз шуд.             Имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон вазири умури дохилии ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров изҳор дошт, ки агар гуноҳи кормандони милиса, ки […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯи далели марги табиби маркази саратоншиносии ҷумҳурӣ Хуршед Бобокалонов тибқи моддаи «аз рӯи беэҳтиётӣ ба қатл расонидан, ки аз ҷониби гурӯҳи шахсон содир шудааст», парвандаи ҷиноӣ боз шуд.





           

Имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон вазири умури дохилии ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров изҳор дошт, ки агар гуноҳи кормандони милиса, ки дар ин муноқиша иштирок доштанд, исбот карда шавад, онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.




           

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 27-уми июн дар маркази пойтахт миёни мудири шӯъбаи қабули беморони бинои 10-уми Маркази тиббии миллӣ Хуршед Бобокалонов ва кормандони милиса муноқиша рух дод. Тибқи фарзияи расмии ВКД ҶТ, Х.Бобокалонов «дар ҳолати мастӣ тартиботи ҷамъиятиро халалдор сохта, ба талаботи кормандони милиса аҳамияте надодааст». «Бо мақсади муайян намудани шахсият ва ҳолати мастии ӯ, кормандони милиса қарор медиҳанд, ки Х.Бобокалоновро ба шӯъба баранд, вале бо сабабҳои номаълум ӯ дар роҳ ба ҳалокат мерасад», – гуфта буданд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ