Фаъолияти созмони ҷамъиятии «Алянс Миссион»-и Олмон дар қаламрави ҷумҳурӣ қатъ карда шуд

  Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз зимни як нишасти матбуотӣ сардори раёсати сабти аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Вазорати адлияи ҶТ Давлат Сулаймонов изҳор дошт, ки тибқи даъвои вазорати мазкур чанд рӯзе қабл додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт мувофиқи қарори худ фаъолияти созмони ҷамъиятии «Алянс Миссион»-и Олмон дар қаламрави ҷумҳуриро қатъ кард, зеро созмони […]

Пайрав Чоршанбиев



 

Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз зимни як нишасти матбуотӣ сардори раёсати сабти аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Вазорати адлияи ҶТ Давлат Сулаймонов изҳор дошт, ки тибқи даъвои вазорати мазкур чанд рӯзе қабл додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт мувофиқи қарори худ фаъолияти созмони ҷамъиятии «Алянс Миссион»-и Олмон дар қаламрави ҷумҳуриро қатъ кард, зеро созмони мазкур ба қонуншиканӣ роҳ дода, ба ҷойи роҳандозии фаъолияти башардӯстона ба таблиғоти яке аз равияҳои мазҳаби христианӣ миёни аҳолӣ машғул будааст. «Созмони мазкур шурӯъ аз соли 1998 дар қаламрави ҷумҳурӣ амал мекард», – таъкид сохт ӯ.




Ба гуфтаи Д.Сулаймонов, айни замон дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт масъалаи қатъи фаъолияти боз як созмони ҷамъиятии амрикоии «Адра Интернешнл», ки он низ ба таблиғоти ғайриқонунии мазҳаби христианӣ дар Тоҷикистон машғул аст, баррасӣ мешавад. «Масъалаи қатъи фаъолияти созмони олмонии «Каритас» низ мавриди баррасӣ қарор дорад, зеро фаъолияти он ба талаботи Оинномаи созмон ва қонунгузории ҶТ ҷавобгӯ нест», – изҳор дошт номбурда.



Мувофиқи маълумоти Вазорати адлияи ҶТ, дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 186 иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо шумули созмонҳои хориҷӣ ба қайд гирифта шуданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“На ҷанг ва на сулҳ”. Пас аз музокироти ноком қадами баъдии Эрону Амрико чӣ хоҳад буд?

Коршиносони тоҷик мегӯянд, Эрон “фишанги дигаре” ҳам дорад, ки агар истифода кунад, таҳдиди ҷиддӣ ба раёсати Доналд Трамп хоҳад шуд.

Дар чанд мактаби Бохтар барномаи “еKhonish” ба кор оғоз кард

Бохтар дуввумин шаҳр дар вилоят аст, ки ба ин барнома прайваст гардид.

Куриё барои таъминоти нерӯи барқ дар Ромит 14 миллион доллар медиҳад

Дар доираи лоиҳа 8 ҳазор сокини ҷамоати Ромит ба барқ дастрасӣ пайдо мекунанд.

“Уқоби тоҷик” дар ҳоли омодагӣ ба парвоз. Қарордоди нави Нурулло Алиев бо UFC

“Уқоби тоҷик” имрӯз дар Амрико ва Тоҷикистон бо машқу тамринҳо машғул аст.

Ҳушдори мақомот аз 4 рӯзи хокбориш дар Тоҷикистон

Барои пешгирӣ аз чангу ғубор чӣ бояд кард?

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Нархи 1 килограмми он ба 12 сомонӣ расидааст.

Пулиси Душанбе: Дар пайи 44 садама дар се моҳ 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.