Русия ба толибилмони тоҷик 25 ҳазор нусха китобҳои омӯзиши забон ва адабиёти рус мефиристад

            Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – То ахири соли ҷорӣ Русия ба толибилмони тоҷик 25 ҳазор нусха китобҳои омӯзиши забон ва адабиёти рус мефиристад.             Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ методистони Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург китобҳои дарсии забону адабиёти рус барои синфҳои 5, 10 […]

Фирдавс Муртазоев



           

Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – То ахири соли ҷорӣ Русия ба толибилмони тоҷик 25 ҳазор нусха китобҳои омӯзиши забон ва адабиёти рус мефиристад.





           

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ методистони Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург китобҳои дарсии забону адабиёти рус барои синфҳои 5, 10 ва 11-и мактабҳои русзабонро бо назардошти вазъу шароити Тоҷикистон омода сохтаанд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, зимни таҳияи китобҳои дарсӣ хусусиятҳои миллӣ ба эътибор гирифта шуда, онҳо дар асоси муқоисаи забони модарӣ ва русӣ таҳия гардидаанд. «Чунин китобҳои дарсии омӯзиши забону адабиёти рус бо назардошти хусусиятҳои миллӣ барои толибилмони Қазоқистону Молдова низ омода гардида, таҳияи чунин китоб барои кӯдакони Туркманистон низ пешбинӣ шудааст», – афзуд манбаъ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.