Дар Душанбе намоишгоҳи «Рушди иқтисодии Афғонистон» муаррифӣ шуд

            Душанбе. 3-юми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон маросими муаррифии намоишгоҳи «Рушди иқтисодии Афғонистон, ки пагоҳ дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и пойтахт ифтитоҳ мегардад, баргузор шуд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ иттилоъ доданд, дар намоишгоҳи нахустини Афғонистон зиёда аз 120 ширкат бо ҳайати […]

Фирдавс Муртазоев



           

Душанбе. 3-юми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон маросими муаррифии намоишгоҳи «Рушди иқтисодии Афғонистон, ки пагоҳ дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и пойтахт ифтитоҳ мегардад, баргузор шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ иттилоъ доданд, дар намоишгоҳи нахустини Афғонистон зиёда аз 120 ширкат бо ҳайати ҳудуди 300 намояндагон ширкат хоҳанд варзид. «Солҳои ахир муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон 2,5 маротиба афзуд», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯбаи баргузории чорабиниҳои намоишгоҳ вохӯриву гуфтушуниди соҳибкорону сармоягузорон баргузор мешавад. «Дар намоишгоҳ қолинҳо, маҳсулоти мавриди истифодаи умум ва маҳсулоти кишоварзии ширкатҳои шаҳри Кобул, вилоятҳои Балх, Қундуз, Қандаҳор, Ҳирот, Ҷалолобод ва Бомиён пешкаши мардум хоҳанд гардид», – афзуд манбаъ.




           

Қобили зикр аст, ки намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Палатаҳои савдову саноати кишварҳо, Агентии сармоягузории Афғонистон ва мусоидати ҳукуматҳои ҳар ду давлат созмон дода мешавад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.