Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми ҳамлу нақли мусофирон тавассути фурудгоҳи шаҳри Душанбе 25 дарсад коҳиш ёфт

            Душанбе. 3-юми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ парвози тайёраҳо дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз ҷониби 18 ширкати ҳавопаймоӣ ба иҷро расонида шуд, ки 10-тои он ширкатҳои кишварҳои хориҷи наздик, 5-тоаш – ширкатҳои кишварҳои хориҷи дур ва 3-тоаш ширкатҳои ватанӣ – «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва «Ист Эйр» мебошанд.             […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 3-юми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ парвози тайёраҳо дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз ҷониби 18 ширкати ҳавопаймоӣ ба иҷро расонида шуд, ки 10-тои он ширкатҳои кишварҳои хориҷи наздик, 5-тоаш – ширкатҳои кишварҳои хориҷи дур ва 3-тоаш ширкатҳои ватанӣ – «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва «Ист Эйр» мебошанд.





           

Ба гуфтаи муовини сарвари кулли КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» Азиз Иброҳимов, даромади умумии ширкат дар ин давра қариб 47 млн. сомониро ташкил дода, аз фурудгоҳи пойтахт зиёда аз 224 ҳазор нафар шаҳрвандон ба сафар баромадаанд ва шумори мусофирони ба шаҳри Душанбе воридшуда дар зарфи шаш моҳ ҳудуди 194 ҳазор нафар аст. «Ҳаҷми ҳамлу нақли мусофирон тавассути фурудгоҳи шаҳри Душанбе нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 25 дарсад коҳиш ёфт», – гуфт вай.




           

Номбурда афзуд, ҳаҷми умумии хизматгузории бору маҳсулот ва почта дар ин муддат беш аз 1130,3 тоннаро ташкил додааст. «Дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон тавассути фурудгоҳ 178 ҷасади фавтидагон оварда шуда, 9 ҷасади фавтида ба хориҷи кишвар интиқол дода шуд», – баён дошт А.Иброҳимов.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.