Терминали нави фурудгоҳи пойтахт дар арафаи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти ҷумҳурӣ ба истифода дода мешавад

            Душанбе. 3-юми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни як нишасти матбуотӣ сарвари кулли КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» Рустам Холиқов изҳор дошт, ки нимаи моҳи август мутахассисони фаронсавӣ ба Душанбе омада, сохтмони терминали нави фурудгоҳи пойтахт шурӯъ мешавад.             Ба гуфтаи ӯ, арзиши лоиҳаи сохтмони терминал 27 млн. Евро буда, 20 млн. саҳми Фаронса ва 7 […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 3-юми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни як нишасти матбуотӣ сарвари кулли КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» Рустам Холиқов изҳор дошт, ки нимаи моҳи август мутахассисони фаронсавӣ ба Душанбе омада, сохтмони терминали нави фурудгоҳи пойтахт шурӯъ мешавад.





           

Ба гуфтаи ӯ, арзиши лоиҳаи сохтмони терминал 27 млн. Евро буда, 20 млн. саҳми Фаронса ва 7 млн. Евро саҳми Тоҷикистон аст. «Саҳми Тоҷикистон ба ин лоиҳа танҳо аз ҳисоби КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» сармоягузорӣ хоҳад шуд ва дар зарфи панҷ моҳи фаъолияти ширкат мо тавонистем баҳри иҷрои ин мақсад зиёда аз 9 млн. доллари ИМА маблағ захира созем», – гуфт Р.Холиқов.




           

Номбурда афзуд, терминали нави фурудгоҳи пойтахт дар арафаи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти ҷумҳурӣ ба истифода дода хоҳад шуд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.