Дар Душанбе маросими ифтитоҳи намоишгоҳи нахустини «Рушди иқтисодии Афғонистон» баргузор шуд

Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар маҷмаии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи намоишгоҳи нахустини «Рушди иқтисодии Афғонистон» баргузор шуд. Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони намоишгоҳро қироат кард. Дар навбати худ, вазири молияи Афғонистон Умар Заҳирвол […]

Фирдавс Муртазоев


Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар маҷмаии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи намоишгоҳи нахустини «Рушди иқтисодии Афғонистон» баргузор шуд.




Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони намоишгоҳро қироат кард. Дар навбати худ, вазири молияи Афғонистон Умар Заҳирвол паёми президенти Афғонистон Ҳомид Карзайро низ ба иштирокдорони намоишгоҳ расонид. Ба гуфтаи ӯ, дар намоишгоҳи нахустини Афғонистон зиёда аз 120 ширкат бо ҳайати ҳудуди 300 намояндагон ширкат мекунанд. Номбурда тайи солҳои ахир 2,5 маротиба зиёд шудани муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Афғонистонро ҳамчун падидаи мусбат арзёбӣ кард.



Дар намоишгоҳ қолинҳо, маҳсулоти мавриди истифодаи умум, маснӯъоти заргарӣ ва маҳсулоти кишоварзии ширкатҳои шаҳри Кобул, вилоятҳои Балх, Қундуз, Қандаҳор, Ҳирот, Ҷалолобод ва Бомиён пешкаши мардум хоҳанд гардид. Дар чаҳорчӯбаи баргузории чорабиниҳои намоишгоҳ вохӯриву гуфтушуниди соҳибкорону сармоягузорон баргузор мешавад



Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» соҳибкор аз шаҳри Кобул Аҳмади Одил изҳор дошт, ки ин сафари нахустинаш ба Тоҷикистон аст ва изҳори умедворӣ кард, ки ҷиҳати ба Тоҷикистон ворид сохтани маҳсулоти кишоварзӣ ба бастани қарордод муваффақ мешавад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Нерӯгоҳи “Роғун” ба таркиби калидиии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Муовини якуми сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд суханронӣ кард

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.