То имрӯз кишоварзони ҷумҳурӣ ҳудуди 500 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ карданд

Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – То имрӯз кишоварзони ҷумҳурӣ ҳудуди 500 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ карданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 200 ҳазор тонна бештар аст. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ иттилоъ доданд, соли ҷорӣ ҳосилнокӣ аз як гектар 26,4 сентнерро ташкил медиҳад ва ин дар […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – То имрӯз кишоварзони ҷумҳурӣ ҳудуди 500 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ карданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 200 ҳазор тонна бештар аст.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ иттилоъ доданд, соли ҷорӣ ҳосилнокӣ аз як гектар 26,4 сентнерро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки соли гузашта ин рақам ҳамагӣ ба 19 сентнер баробар буд.



«Дар заминҳои кишти вилояти Суғд – 90, Хатлон – 88,6 ва ноҳияҳои тобеи марказ – 64 дарсади ҳосили гандум ҷамъоварӣ карда шуда, дар ВМКБ бинобар шароити иқлим деҳқонон ҳанӯз ба ғунучини гандум шурӯъ накардаанд», – гуфтанд дар вазорат.



Ёдовар мешавем, ки соли равон барои кишти гандуми баҳорӣ ва тирамоҳӣ зиёда аз 400 ҳазор гектар майдони кишт ҷудо карда шуд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.