Соли ҷорӣ БРО барои Тоҷикистон ду лоиҳаи бурсӣ ба маблағи 60 млн. доллари ИМА-ро маъқул шуморид

Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макото Оҷиро изҳор дошт, соли 2010 бонк ба Тоҷикистон ба маблағи 74 млн. $ бурс ҷудо мекунад. «Айни замон намояндагии бонк дар ҳамдастӣ бо вазоратҳои рушди иқтисод ва молияи ҷумҳурӣ масъалаи ба кадом мақсад истифода бурдани ин маблағ […]

Виктория Наумова


Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макото Оҷиро изҳор дошт, соли 2010 бонк ба Тоҷикистон ба маблағи 74 млн. $ бурс ҷудо мекунад. «Айни замон намояндагии бонк дар ҳамдастӣ бо вазоратҳои рушди иқтисод ва молияи ҷумҳурӣ масъалаи ба кадом мақсад истифода бурдани ин маблағ дар Тоҷикистонро мавриди ҳаллу фасл қарор доданд ва интизор меравад, ки он асосан ба рушди бахши энергетика ва нақлиёт равона хоҳад шуд», – гуфт ӯ.




Ба гуфтаи Макото Оҷиро, соли ҷорӣ бонк барои Тоҷикистон ду лоиҳаи бурсӣ ба маблағи 60 млн. доллари ИМА-ро маъқул шуморид, ки 20 миллиони он баҳри таҷдиду барқарорсозии роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ва 40 миллионаш ба татбиқи барномаи дастгирии рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ ва амалисозии барномаҳои муҳим дар бахши иҷтимоӣ масраф мегардад.



Дар мавриди таъсири бӯҳрони молӣ дар Тоҷикистон номбурда гуфт, «алҳол наметавон гуфт, ки он ба нуқтаи ниҳоии худ расидааст, вале тибқи маълумоти расмии оморӣ, ки аз рушди иқтисод гувоҳӣ медиҳанд, метавон баён дошт, ки вазъ каму беш устувор аст, аммо алҳол бо ин набояд осуда шуд».


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.