Вазорати адлияи Тоҷикистон:«Ҳизби наҳзати исломӣ ҳизби диннӣ нест»

Date:

Душанбе. 21 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар се моҳаи аввали соли равон ба унвони Вазорати адлияи Тоҷикистон аризаҳои ба қайдгирии аҳзоби сиёсӣ дар қаламрави кишвар нарасидаанд, хабар медиҳад вазири адлияи Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров, зимни нишасти матбуотие, ки имрӯз, 21 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор гашт.

Ба гуфтаи вазир  имрӯз дар Тоҷикистон расман 8 ҳизби сиёсӣ сабти ном шудаанд. Инҳо : Ҳизби халқӣ демократӣ, Коммунистӣ, Демократӣ, Сотсиалистӣ, Сосиал-демократӣ, Аграрӣ, Ҳизби наҳзати ислом ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ. Мувофиқи қонунгузории кишвар ба қайд гирифтани ҳизби динӣ дар Тоҷикистон манъ аст.

Ба суоли журналистон, ки оё ҲНИТ ҳизби динӣ аст, вазир чавоби қатъӣ дода гуфт: «ҲНИТ ҳизби динӣ нест ва характери диниро ҳам надорад».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related