Корманди Вазорати маориф беш аз 1 ҳазор номаи камоли тақаллубӣ додааст

Date:

Душанбе. 27 апрел. «Азия-Плюс» – | Корманди Вазорати маорифи Тоҷикистон дар сохтани номаҳои камоли қалбакӣ гумонбар мешавад.

Тавре ба «АП» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттило доданд, Ҷамолиддин Шарипови 30 сола ба ҳангоми адои вазифа дар вазорати маориф ба ҳайси мутахассиси пешбари шӯъбаи кадрҳо бо директори яке аз макотиби пойтахт ва муовни ӯ мувофиқа кардааст.

«Аз моҳи январи соли 2009 то августи соли 2010 Шарипов 1 ҳазору 165 номаи камоли тақаллубӣ, бар ивази 5 ҳазор сомонӣ сохтааст», – хабар медиҳад манбаъ.

Дар робита ба ин амал парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад.

Тибқи маълумоти Оҷонсии мубориза бо фасод ва назорати моликияти давлатии Тоҷикистон, бахши маориф яке аз самтҳои фасодзадаи кишвар маҳсуб мегардад. Аксаран масъулони соҳаи маориф бо ҷурми ришваситонӣ, суйистифода аз мансаб, сохтани ҳуччатҳои тақаллубӣ боздошт карда мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...