Душанбе. 28 апрел. «Азия-Плюс» – | Додгоҳи ноҳияи Файзобод Атовулло Рақибов, ҳамсари ӯ Гулру Ибодова (соли таввалуд 1975), ду хоҳараш Моҳлиқо Рақибова (соли таввалудаш 1965) ва Саида Рақибова (соли таввалудаш 1975)- ро ба як соли зиндони шартӣ маҳкум кард. Маҳкумшуда баъди эълони ҳукм дар толори додгоҳ, озод карда шуд.
Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ талаб кард то Рақибовро ба се соли зиндон дар калонияи низомаш шадид ва ҳамсару хоҳаронаш ба як соли зиндони шартӣ маҳкум шаванд.
Атоввуло Рақибов барои авбошӣ яъне шикастани шишаи экскаватор, ки моҳи сентябри соли гузашта барои тахриби манзили зисташ оварда буданд, гунаҳкор дониста мешаванд.
Тавре бародари Атоввуло, Шариф Рақибов ба «АП» хабар дод, ин ҳукмро судяи ноҳияи Файзобод – Моҳби Қурбонова рӯзи 28 апрел эълом кард.
Ба ҳангоми эъломи ҳукм ба А. Рақибов ҳушдор дода шуд, ки дар сурати такрори чунин амал ӯро ба ҷавобгарӣ кашида ба мӯҳлати 3 сол аз озоди маҳрум хоҳанд кард ва зану хоҳаронаш ба як сол зиндони шартӣ маҳкум хоҳанд шуд, мегуяд Шариф Рақибов. «Мо бо қарори додгоҳ қаноатманд ҳастем ва ба хона бар мегардем», – афзуд ӯ.



мо як гурухи калони
мо як гурухи калони сохибкорони нохияи чалолиддини руми аз хама мухлисони осие плюс хохиш дорем ки касе ки метавонад паеми моро ба кормандони осие плюс расонад чунки мо надонистем чи хел мактубамон ро фиристонем. мазмунаш кутох карда менависем бозори моро аз оташ дар гирифт мегуянд дар асл ин хел нест савдогарони бозори моро мачбур хостанд ба бозори шахсии ба ном эшон кучонанд мардум ба ин таклиф рози нашуданд чунки нархи ичорапулии бозор миеншикан буд баъди чанде хама дуконхои бозори мо дар доми оташ афтода хамаш сухта нобуд шуд хамаи сохибкорон кариб ки аз банк бо процент пул гирифтаанд мо намедонем чи кор кунем ягона ба кормандони хакикатчуи осиеплюс умедворем ки омада бо мо вохуранд.касе ки хонд илтимос ба чои хохишкарда расонед илтимоси калон аз номи мо