Болоравии нархи равуо дар автобусҳои мусофиркаши байнишаҳрии Суғд

Душанбе. 11-уми май. Азия-Плюс — Дар вилояти Суғд арзиши равуо дар автобусҳои байнишаҳрӣ боло рафт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директории генералии Филиали Иттиҳодияи нақлиёти мусофиркаши ҶТ дар вилояти Суғд Абдуҷалил Бобоҷонов иттилоъ дод, болоравии нарх дар автобусҳои мусофиркаши Хуҷанд-Табошар аз 3,5 то 4 сомонӣ, Хуҷанд-Адрасмон, Хуҷанд-Зафаробод  аз 6 то 7 сомонӣ ва Хуҷанд-Шаҳристон аз […]

Бахтиёр Валиев

Душанбе. 11-уми май. Азия-Плюс — Дар вилояти Суғд арзиши равуо дар автобусҳои байнишаҳрӣ боло рафт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директории генералии Филиали Иттиҳодияи нақлиёти мусофиркаши ҶТ дар вилояти Суғд Абдуҷалил Бобоҷонов иттилоъ дод, болоравии нарх дар автобусҳои мусофиркаши Хуҷанд-Табошар аз 3,5 то 4 сомонӣ, Хуҷанд-Адрасмон, Хуҷанд-Зафаробод  аз 6 то 7 сомонӣ ва Хуҷанд-Шаҳристон аз 9 то 10 сомонӣ боло рафтааст.

«Автобусҳои мазкур сӯзишвории дизелиро истифода мекунанд ва имрӯз ба мушоҳида мерасад, ки нархи он аз 3,8 сомонӣ то ба 6-7 сомонӣ барои 1 литр боло рафтааст», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин гуфт, ин нархҳо бо иҷозати идораи зиддиинҳисории вилояти Суғд ҷорӣ карда шудаанд ва то кунун дар дигар хатсайрҳои байнишаҳрӣ болоравии нархи равуо ба мушоҳида нарасидааст.

Ёдрас мекунем, ки Иттиҳодияи мазкур соли 2010 ба фаъолият оғоз намуда, ба он 42 корхонаҳои машғул ба ҳамлу нақли мусофирон шомил мебошанд. Ба тавозуни иттиҳодия 13 вокзалу истгоҳҳо, 168 автобус, 3468 микроавтобу ва 213 таксиҳо дохил мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.