Мусодираи беш аз 20 кило маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе

Душанбе. 23-юми май. «Азия-Плюс» — Рӯзи якшанбе, 22-юми майи соли ҷорӣ, кормандони мақомоти милисаи шаҳри Душанбе беш аз 20 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар қаламрави ноҳияи Синои пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 48-солаи […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 23-юми май. «Азия-Плюс» — Рӯзи якшанбе, 22-юми майи соли ҷорӣ, кормандони мақомоти милисаи шаҳри Душанбе беш аз 20 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар қаламрави ноҳияи Синои пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 48-солаи ноҳияи Восеъ С.Т. боздошт гардида, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ ба миқдори ҳудуди 20 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз дар қаламрави пойтахт сокини 44-солаи ноҳияи Шуғнон низ бо 2 кило маводи мухаддири сахттаъсири героин боздошт гардидааст.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи чаҳор моҳи соли равон дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тоннаву 612 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 142 кило героин ва 267 кило афюн мусодира карда шудааст, ки аз ин миқдор нисфаш ба ҳиссаи кормандони Вазорати корҳои дохилӣ рост меояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.