Ҳаракати «Толибон» расман марги пешвои худ – Мулло Умарро рад кард

Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» – Ҳаракати «Толибон» расман марги пешвои худ – Мулло Муҳаммад Умарро рад кард. Бино ба иттилои Associated Press, як намояндаи ҳаракат ба ин хабаргузорӣ изҳор доштааст, ки овозаҳо дар бораи марги Мулло Умар як «таблиғоте» буда, ӯ зиндаву саломат дар Афғонистон ба сар мебарад. Доир ба марги пешвои ҳаракати «Толибон» дар […]

Азия-Плюс

Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» – Ҳаракати «Толибон» расман марги пешвои худ – Мулло Муҳаммад Умарро рад кард.

Бино ба иттилои Associated Press, як намояндаи ҳаракат ба ин хабаргузорӣ изҳор доштааст, ки овозаҳо дар бораи марги Мулло Умар як «таблиғоте» буда, ӯ зиндаву саломат дар Афғонистон ба сар мебарад.

Доир ба марги пешвои ҳаракати «Толибон» дар таърихи 23-уми майи соли равон шабакаи телевизионии «Тулӯъ»-и Афғонистон хабар дода буд. Нашрияи Pak Tribune навишта буд, ки Мулло Умар дар таърихи 21-уми май ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Кувета ба музофоти Вазиристони Шимолии Покистон аз ҷониби нерӯҳои низомии Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ба қатл расонида шуд.

Чанде қабл дар робита ба ин масъала раисҷумҳури ИМА Барак Обама дар мусоҳиба ба хабаргузории ВВС изҳор дошт, ки «мо ба соҳибистиқлолии Покистон эҳтироми зиёд дорем, вале агар масъалаи нобуд сохтани пешвои ҳаракати «Толибон» рӯйи кор ояд, маҷбурем ба хоки ин кишвар по гузорем, зеро ба амалӣ сохтани нақшаҳои куштори шаҳрвандони кишвари худ ва муттаҳидонамон роҳ доданӣ нестем».

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Мулло Муҳаммад Умарро дар паноҳ додани Усома бин Лодин ва аъзои гурӯҳи «Ал-Коъида» гунаҳкор мешуморанд. Хабаргузориҳои амрикоӣ қаблан иттилоъ дода буданд, ки ҳукумати ИМА бо ҳаракати «Толибон» бо миёнаравии Олмон фаъолона гуфтушунид дорад, вале маъмурияти Барак Обама аз шарҳи ин матлаб худдорӣ карда буд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаракати «Толибон» акнун мустақиман ба Қазоқистон, ки ҳафтаи гузашта лоиҳаи қонун дар бораи ҳамкорӣ бо НАТО ва фиристодани нерӯҳои ҳомии сулҳ ба Афғонистон қарор қабул кард, бо амалҳои террористӣ таҳдид мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.