Нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба андозаи 95% ба иҷро расид

Душанбе. 23 май. «Азия-Плюс» — То ба имрӯз нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба андозаи 95% ба иҷро расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матуботи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев иттилоъ дод, нақшаи даъват дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе пурра ба иҷро расида, дар ВМКБ […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 23 май. «Азия-Плюс» — То ба имрӯз нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба андозаи 95% ба иҷро расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матуботи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев иттилоъ дод, нақшаи даъват дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе пурра ба иҷро расида, дар ВМКБ он ба андозаи 97,3%, вилояти Суғд – 90% ва ноҳияҳои тобеи марказ – 93%-ро ташкил медиҳад.

Ба қавли мавсуф, вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев ба унвони роҳбарони шаҳру навоҳие, ки пеш аз мӯҳлат иҷрои нақшаро таъмин намуданд, номаи сипос ирсол кардааст.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати хатмӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ санаи 1-уми апрел оғоз ёфта, то 31-уми май идома хоҳад ёфт. Барои ташкили маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмат дар сатҳи зарурӣ дар кишвар таҳти сарварии муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова ситоди ҳукуматӣ таъсис дода шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати мудофиаи кишвар, ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар ҷавонон даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати харбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷират қарор доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.