ICG ҳукуматдорони Тоҷикистонро аз имкони сар задани даргириҳои мусаллаҳона ҳушдор медиҳад

Душанбе. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Гурӯҳи байнулмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо (ICG) ҳукуматдорони Тоҷикистонро аз сар задании даргириҳои мусаллаҳона ҳушдор медиҳад. Дар гузориши чанде қабл дар сомонаи расмии ICG ( www.crisisgroup.org ) интишоргардида гуфта мешавад, таҳдид ба амнияти Тоҷикистон – қашшоқтарин ҷумҳурии минтақаи Осиёи Марказиро қабл аз ҳама Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон, ки ташкили халифати исломӣ ҳадафи аслиаш аст, метавонад […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Гурӯҳи байнулмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо (ICG) ҳукуматдорони Тоҷикистонро аз сар задании даргириҳои мусаллаҳона ҳушдор медиҳад.

Дар гузориши чанде қабл дар сомонаи расмии ICG (

www.crisisgroup.org

) интишоргардида гуфта мешавад, таҳдид ба амнияти Тоҷикистон – қашшоқтарин ҷумҳурии минтақаи Осиёи Марказиро қабл аз ҳама Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон, ки ташкили халифати исломӣ ҳадафи аслиаш аст, метавонад рӯйи кор оварад.

Ҳамчунин дар гузориш зикр мегардад, ки дар минтақаи шимоли Афғонистон гурӯҳҳои муташаккили мусаллаҳи мухолифи ҳукумат амал мекунанд, ки феълан ҳарчи бештар таваҷҷӯҳи худро ба шимол равона сохтаанд ва ба марзи 1400 километраи Тоҷикистону Афғонистон торафт наздиктар меоянд.

Таҳлилгарони ICG мӯътақиданд, ки Тоҷикистон амалан  воҳидҳои махсуси низомиеро доро нест, ки ба ин гурӯҳҳои мусаллаҳ истодагарӣ карда тавонанд ва барои исботи назари худ, ҳаводиси соли гузаштаи Раштро мисол меоранд, ки мутобиқи маълумоти ICG, ошкор шудааст, ки дар кишвар ҳамагӣ каме беш аз 30 низомие мавҷуд будааст, ки қобилияти хуби муқобилият ба ин гурӯҳҳоро доштааст.

Дар гузориш таъкид мегардад, ки дар ҷумҳурӣ насли нави мухолифини мусаллаҳ ба воя расидаанд, ки нияти ҳисобаробаркунӣ бо ҳукуматдорон барои ҷанги бохта дар солҳои 1992-1997-ро доранд. Ҳамчунин зикр мегардад, ки ҷомеаи Тоҷикистон феълан ҳарчи бештар ба ислом гаравида, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) муносибаташро бо ҳукумат тундтар менамояд.


(Дар акс чархболи Гвардияи миллӣ, ки зимни амалиёти махсус дар водии Рашт ба садама дучор гардида буд). 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.