Парвандаҳои ҷиноии боз ҳафт тан аз ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиев ба додгоҳ ирсол гардид

Душанбе. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноӣ нисбат ба ҳафт тан аз ҳаммаслакони Маҳмуд Худойбердиев ба анҷом расида, онҳо ҷиҳати моҳиятан баррасӣ шудан ба додгоҳ ирсол гардиданд. Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сармуфаттиши мақомоти додситонии вилояти Хатлон Баҳром Шомиров хабар дод, ҳафт нафар ҷонибдорони полковники ошӯбгар – Умаралӣ Қурбонзода, Саидқул Эшонқулов, Қудратулло Қодиров, […]

Сайраҳмон Назриев

Душанбе. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноӣ нисбат ба ҳафт тан аз ҳаммаслакони Маҳмуд Худойбердиев ба анҷом расида, онҳо ҷиҳати моҳиятан баррасӣ шудан ба додгоҳ ирсол гардиданд.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сармуфаттиши мақомоти додситонии вилояти Хатлон Баҳром Шомиров хабар дод, ҳафт нафар ҷонибдорони полковники ошӯбгар – Умаралӣ Қурбонзода, Саидқул Эшонқулов, Қудратулло Қодиров, Шамсиддин Ғуломов, Раҷабалӣ Ғафуров, Икром Тӯрахонов ва Ҳокимҷон Донаев моҳи марти соли 1998 ҳамроҳи Маҳмуд Худойбердиев марзи давлатии Ӯзбекистонро убур намуда, ба тамрингоҳи саҳроии генерал Дӯстум дар Афғонистон раҳсипор шуданд. «Пас аз омодагирии панҷмоҳа онҳо ба ҷамоати деҳоти Ҷиззахи Ӯзбекистон баргашта, шаби 4-уми ноябр ба вилояти Суғд ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом доданд», – гуфт сармуфаттиш.

Ба қавли мавсуф, пас аз чандин соли иқомат дар қаламрави Ӯзбекистону Русия онҳо ба ватан баргаштанд ва аввали соли равон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон боздошт шуданд. «Нисбат ба ҳамаи гумонбаршудагон додситонии вилояти Хатлон мутобиқи моддаҳои 185 қ. 1 (Ташкили гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ё иштирок дар он), 186 қ. 2 (Бандитизм), 187 қ. 2 (Иштирок дар гурӯҳи ҷиноятпеша), 306 (Ғасби зӯроваронаи ҳокимият ё нигаҳдории зӯроваронаи ҳокимият) ва 313 (Ошӯби мусаллаҳона)-и КҶ ҶТ  парвандаи ҷиноӣ боз намуда буд», – афзуд Баҳром Шомиров. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.