Суд парвандаи сардори бахши кофтукови ҷиноии ШКД-и ноҳияи Вахшро баррасӣ мекунад

Қӯрғонтеппа. 25-уми май. «Азия-Плюс» — | Парвандаи ҷиноии сардори бахши кофтукови ҷиноии ШКД-и ноҳияи Вахш, ки дар истифодаи зӯроварӣ ва боздошти ғайриқонунӣ айбдор карда мешавад, ба суд ирсол гардид. Бино ба иттилои муфаттиши прокуратураи вилояти Хатлон Бахтиёр Ҳайдаров, тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноии сардори бахши кофтукови ҷиноии ШКД-и ноҳияи Вахш Ҷаъфар Мирзошарифов бо моддаҳои 316, қисми 3, банди […]

Сайраҳмон Назриев

Қӯрғонтеппа. 25-уми май. «Азия-Плюс» — | Парвандаи ҷиноии сардори бахши кофтукови ҷиноии ШКД-и ноҳияи Вахш, ки дар истифодаи зӯроварӣ ва боздошти ғайриқонунӣ айбдор карда мешавад, ба суд ирсол гардид.

Бино ба иттилои муфаттиши прокуратураи вилояти Хатлон Бахтиёр Ҳайдаров, тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноии сардори бахши кофтукови ҷиноии ШКД-и ноҳияи Вахш Ҷаъфар Мирзошарифов бо моддаҳои 316, қисми 3, банди «а» («Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ») ва 358, қисми 1 («Ғайриқонунӣ дастгир ё ҳабс намудан»)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ ба анҷом расида, барои моҳиятан дида баромадан ба суди ноҳияи Вахш ирсол карда шуд.

Тафтишот муайян кардааст, ки кормандони милиса 4-уми ноябри соли 2010, тахминан соати 21-у 40 дақиқа шаҳрванд Маҳмадшариф Шариповро бо гумонбарии дар ҳолати мастӣ содир кардани ҷинояти майдаавбошӣ ба утоқи кории Ҷ.Мирзошарифов овардаанд. Зимнан сардори бахши кофтукови ҷиноии ШКД-и ноҳияи Вахш аз ваколатҳои мансабии худ берун баромада, М.Шариповро мавриди латукӯб қарор додааст ва ба охирон ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ расонидааст, ки онро хулосаи экпертизаи судии тиббӣ таҳти рақами 3161 аз 8-уми ноябри соли 2010 тасдиқ кардааст.

Ба қавли муфаттиши прокуратура, Ҷ.Мирзошарифов кирдори ғайриқонунии давом дода, Шариповро дар утоқи нигаҳдории ҷинояткорон маҳкам намуда, ба навбатдори ШКД супориш додааст, ки ба боздоштшуда хӯрок ва ҷойи хоб надиҳанд. «Ӯ ҳамчунин супориш додааст, ки бе ичозати ӯ Шариповро озод накунанд», – афзуд Б.Ҳайдаров.

Ба гуфтаи муфаттиш, шаҳрванд Шарипов танҳо дар рӯзи дигар баъд аз огоҳӣ ёфтани бародараш Аваз Шарипов, ки дар вазифаи муовини сардори ШКД-и ноҳияи Вахш кор мекардааст, бо супориши иҷрокунандаи сардори ШКД Зоир Камолов озод карда шуд.

Оид ба ин ҳолат 14-уми декабри соли 2010 муовини прокурори вилояти Хатлон А.Иззатов нисбат ба Ҷ.Мирзошарифов парвандаи ҷиноӣ оғоз карда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.