ХБА бидуни назардошти ивази роҳбар ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ идома медиҳад

Душанбе. 27-уми май. «Азия-Плюс» — | Иҷрокунандаи вазифаи директор-фармоишгари Хазинаи байнулмилаии асъор Ҷон Липски дар робита ба қазияи роҳбари ХБА Стросс-Кан, ки ба ҷиноёти дорои хусусияти шаҳвонидошта аз ҷониби додситонӣ муттаҳам карда шуда, таҳти гарав озод шудааст, изҳор дошт, ки ХБА сарфи назар аз иваз шудани роҳбар, ба иҷрои вазифаву ӯҳдадориҳои худ ба таври муқаррарӣ […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 27-уми май. «Азия-Плюс» — | Иҷрокунандаи вазифаи директор-фармоишгари Хазинаи байнулмилаии асъор Ҷон Липски дар робита ба қазияи роҳбари ХБА Стросс-Кан, ки ба ҷиноёти дорои хусусияти шаҳвонидошта аз ҷониби додситонӣ муттаҳам карда шуда, таҳти гарав озод шудааст, изҳор дошт, ки ХБА сарфи назар аз иваз шудани роҳбар, ба иҷрои вазифаву ӯҳдадориҳои худ ба таври муқаррарӣ идома хоҳад дод.

Ҷаноби Липски гуфтааст, ба иҷрои саривақтӣ, амалӣ, пурсамар ва фаврии вазифаҳои дар назди хазина гузошташуда ҳеҷ шубҳае надорад.

Дар иттилоияи интишоргардида дар сомонаи расмии хазина гуфта мешавад, ки ХБА ба таҳияи барномае машғул аст, ки дар он ба масоили рушди иқтисодӣ, суботи молиявӣ ва низоми байнулмилалии асъор таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда мешавад.

Дар иттилоия зикр мегардад, ки ХБА кӯшишҳои худро ба се самти афзалиятнок – рушди иқтисод дар баробари таҳкими суботи иқтисодӣ ва молиявӣ, тақвияти низоми байнулмилалии асъор ва мутобиқгардонии дастгирии худ ба кишварҳои узви даромадашон паст мутамарказ хоҳад намуд.

Дар ҳамин ҳол, ХБА умедвор аст, ки директор-фармоишгари навро то ахири моҳи июн интихоб хоҳад кард ва айни замон пешниҳодоти кишварҳои узв оид ба номзадҳои роҳбари хазина мавриди баррасӣ қарор доранд.

Зикр мегардад, ки Шӯрои ХБА тартиби таъини роҳбари нави хазинаро, ки баргузории онро «ба таври кушод, шаффоф ва назардошти саҳми номзадҳо» пешбинӣ менамояд, якдилона ҷонибдорӣ кардааст.

Расонаҳои хабарии Русия менависанд, ба курсии роҳбари ХБА раиси Бонки миллии Қазоқистон Григорий Марченко довталабӣ дорад, ки номзадии ӯро кишварҳои узуи ИДМ дастгирӣ карданианд. Номзадҳои худро ҳамчунин Мексика, Туркия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Бразилия ва Чин низ пешниҳод кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки собиқ роҳбари ХБА, коршиноси бахши молия ва сиёсатмадор Стросс-Канро рӯзи 14-уми май дар шаҳри Ню-Йорк бар асоси аризаи пешхизмати меҳмонхона ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷинояти дорои хусусияти зӯровариву шаҳвонӣ боздошт намуданд. Додситонӣ ба Стросс-Кан тибқи шаш банд айбдорӣ пешниҳод намуд, ки панҷтои он ба ҷиноёти хусусияти шаҳвонӣ ва яктоаш ба ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардан мансуб аст. аст. Дар ҳуҷҷатҳо банди асосии айбнома – «амалҳои зӯроваронаи дорои хусусияти шаҳвонӣ» махсус зикр гардидааст, ки тибқи он ҷазои аз панҷ то 25 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Бино ба маълумоти ВАО, дар асноди додгоҳӣ гуфта мешавад, ки Стросс-Кан метавонад ба 74 солу 3 моҳи зиндон маҳкум гардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.