Гомҳои устувор ба сӯи бозори Аврупо

Сӯзаниҳои пурнақшу нигор, куртаҳои чакан, даҳҳо намуди армуғонҳои миллии тоҷикӣ, кӯзаҳои сафол, намад ва ашёҳои намадӣ, ҷӯробҳои миллӣ, ҷавоҳироти нуқра ва мӯҳраву гарданбандҳо аз сангҳои гаронбаҳои кӯҳҳои осмонбӯси кишвар, намунаҳои маҳсули ҳунари косибони тоҷик буданд, ки дар намоишгоҳи баҳории ҳунармандон зери унвони «Ҳунар ва тиҷорати одилона» баргузор гашт. Ин чорабинӣ бо мусоидати ширкати итолиёвии CESVI […]

Asia-Plus

Сӯзаниҳои пурнақшу нигор, куртаҳои чакан, даҳҳо намуди армуғонҳои миллии тоҷикӣ, кӯзаҳои сафол, намад ва ашёҳои намадӣ, ҷӯробҳои миллӣ, ҷавоҳироти нуқра ва мӯҳраву гарданбандҳо аз сангҳои гаронбаҳои кӯҳҳои осмонбӯси кишвар, намунаҳои маҳсули ҳунари косибони тоҷик буданд, ки дар намоишгоҳи баҳории ҳунармандон зери унвони «Ҳунар ва тиҷорати одилона» баргузор гашт. Ин чорабинӣ бо мусоидати ширкати итолиёвии CESVI ва дар ҳамкорӣ бо бунёди фарҳангии Бактрияву сафорати Амрико дар Тоҷикистон сурат гирифт.

Наргис Давлатова ҳамоҳангсози барномаҳои CESVI дар Тоҷикистон гуфт, дар намоишгоҳи мазкур ҳамчунин конфронси “Cавдои одилона”доир гардид,ки шаш коршиноси итолиёвӣ дар он ширкат доштаву ба ҳунармандони тоҷик мафҳуми савдои боадолатро шарҳ доданд. Ба гуфтаи хонум Наргис, яке аз ҳадафҳои баргузории чунин намоишгоҳ дар он буд, ки коршиносони итолиёвӣ баробари шинос шудан бо маҳсули ҳунари косибони тоҷик, беҳтаринҳоро ба бозори Аврупо пешниҳод кунанд.

Дар ин миён Мирзошоҳрух Асрорӣ вазири фарҳанги Тоҷикистон, зимни кушоиши ин чорабинӣ гуфт, ҳукумати Тоҷикистон ба рушди ҳунарҳои дастиву мардумӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Бинобар ин соли 2008 ҳукумати кишвар барномаи давлатии рушди ҳунарҳои мардумиро қабул кард.

Мукарамма Қаюмова тарроҳи либос бар ин аст, ки бо ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни ҳунармандони тоҷик ва коршиносони итолиёвӣ метавон ҷойҳои бештари кории навро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овард ва ҳамчунин ба рушду эҳёи ҳунарҳои фаромӯшшудаи мардумӣ мусоидат намуд.

Ҳунармандони тоҷик, ки аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон дар ин чорабинӣ ҳузур доштанд, мегӯянд, баргузории чунин намоишгоҳ қабл аз ҳама ба занони хонашин муҳим аст. Зеро меафзоянд онҳо, маҳсули дастонашон на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ харидор пайдо хоҳад кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин мусоҳибонамон, ҳарчанд дар Тоҷикистон ҳунармандон хеле зиёданд, аммо ғолибан онҳо намедонанд маҳсулоти тавлидкардаи худро, ки аксаран нотакрор ва таҷассумгари фарҳанги бою рангини мардуми тоҷик аст, дар куҷо ба фурӯш гузоранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.