Сванидзе: Тоҷикистон бояд ба маълумот дар бораи шиканҷа вокуниши саривақтӣ нишон диҳад

Хуҷанд. 31-уми май. «Азия-Плюс» — | Тоҷикистон ҳамчун кишвари эътирофкунандаи санадҳои байнулмилалии ҳуқуқӣ ҷиҳати таъмини вокуниши саривақтии шахсони расмӣ ба маълумот ва муроҷиат бобати истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби шахсони мансабдор ӯҳдадор аст. Дар ин хусус зимни суханронӣ дар мизи мудаввар таҳти унвони Нақши адвокатҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии шиканҷа» узви Кумитаи […]

Тилав Расулзода

Хуҷанд. 31-уми май. «Азия-Плюс» — | Тоҷикистон ҳамчун кишвари эътирофкунандаи санадҳои байнулмилалии ҳуқуқӣ ҷиҳати таъмини вокуниши саривақтии шахсони расмӣ ба маълумот ва муроҷиат бобати истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби шахсони мансабдор ӯҳдадор аст. Дар ин хусус зимни суханронӣ дар мизи мудаввар таҳти унвони Нақши адвокатҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии шиканҷа» узви Кумитаи Аврупо оид ба пешгирии шиканҷа ва муносибат ё рафтори ғайриинсонӣ ё пасткунандаи шаъни Иттиҳоди Аврупо Эрик Сванидзе изҳори назар кард. 

«Аз ҷумла, инро Муоҳидаи байнулмилалӣ дар бораи ҳуқуҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ ва ҳамчунин моддаи 12 ва 13-и Конвенсия муқобили шиканҷа ва дигар навъҳои рафтор ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну эътибор тақозо мекунад», – гуфт ӯ.

Ба ақидаи Сванидзе, айни замон масъала натанҳо дар пешгирии истифодаи шиканҷа, балки ҳамчунин вокуниши дақиқ, тафтиши муассир ва саривақтӣ аз ҷониби шахсони расмӣ ва ҷазо додани гунаҳкорон низ қарор дорад. «Танҳо дар ин сурат метавон умедвор шуд, ки таҷрибаи истифодаи шиканҷа қатъ мегардад. Меъёрҳои байнулмилалие мавҷуданд, ки аз онҳо адвокатҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд истифода кунанд», – иброз дошт мавсуф.

Чун аксари намояндагони дифоъ аз ҳуқуқи Тоҷикистон, Сванидзе бар ин назар аст, ки мутобиқи ӯҳдадориҳои байнулмилалии худ Тоҷикистонро зарур аст, ки ба Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ моддаи алоҳидаеро ворид созад, ки комилан мафҳуми «шиканҷа»-ро шарҳ бидиҳад. «Ин мафҳум дар моддаи 1-и Конвенсия муқобили шиканҷа ва дигар навъҳои рафтор ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну эътибор дарҷ ёфтааст», – мегӯяд ӯ.

Айни замон дар Тоҷикистон шахсони мансабдори  гумонбар ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмони нисбати афроди боздоштшуда мутобиқи моддаи 117 (Азобу уқубат додан), 314 (Сўиистифода аз ваколатҳои мансабӣ) ва 316 (Баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ)-и КҶ ҶТ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

«Ҷорисозии моддаи алоҳида дар КҶ як қадами хурде ба самти дуруст аст, вале ин лаҳзаи муҳими равонӣ аст, ки ба ҷазо гирифтани гунаҳкорон мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ ишора мекунад», – афзуд Сванидзе.

Ёдрас мекунем, ки соли 2010 ба гумони содир намудани ҷинояти баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ нисбат ба кормандони мақомоти қудратӣ 13 парвандаи ҷиноӣ боз шуд, ки дар шаштои он шахсони мансабдор ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона бо афроди боздоштшуда гумонбар дониста мешуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.