Дар Тоҷикистон Палатаи ҳисоб таъсис дода мешавад

Душанбе. 1-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар Тоҷикистон мақомоти олии давлатӣ дар соҳаи назорати молиявӣ таъсис дода мешавад. Имрӯз вакилони палати поёнии парлумони кишвар Қонуни ҶТ «Дар бораи Палатаи ҳисоб»-ро якдилона маъқул шумориданд. Зимни суханронӣ дар назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Норинов изҳор дошт, ки пас аз мавриди […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 1-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар Тоҷикистон мақомоти олии давлатӣ дар соҳаи назорати молиявӣ таъсис дода мешавад.

Имрӯз вакилони палати поёнии парлумони кишвар Қонуни ҶТ «Дар бораи Палатаи ҳисоб»-ро якдилона маъқул шумориданд. Зимни суханронӣ дар назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Норинов изҳор дошт, ки пас аз мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур, дар Тоҷикистон мақомоти нави ҳокимиятӣ таъсис дода хоҳад шуд, ки аз болои қисмати даромаду хароҷоти буҷаи давлатӣ, воситаҳои ғайрибуҷавӣ ва ҳамчунин маблағҳои аз хориҷи кишвар ба иқтисоди миллӣ сармоягузоришуда назорат хоҳад бурд.

«Ҳадафи аслии таъсиси Палатаи ҳисоб пурзӯр кардани назорат аз болои бахши молия ва ҳамчунин баргузории аудиту баҳодиҳии буҷаи давлатии ҷумҳурӣ аст», – гуфт ӯ.

Зимни посух ба суоли раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров бобати имкони такрори вазифаҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз ҷониби Палатаи мазкур, муовини вазири молия зикр кард, ки пас аз таъсиси Палатаи ҳисоб чанде аз ваколатҳои Агентии зиддифасод ба дӯши мақомоти нав вогузор хоҳад шуд.

Ҳамчунин раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки Палати ҳисоб дар назди сарвари давлат ва парлумони кишвар ҳисоботдеҳ хоҳад буд. «Сараудиторони Палатаи ҳисоб бо пешниҳоди президент аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар ба муддати ҳафт сол таъин карда мешаванд ва як нафар ба таъин шудан ба вазифаи сараудитор ба муддати зиёда аз ду мӯҳлат ҳуқуқ надорад», – афзуд Шукурҷон Зуҳуров.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.