Ҳуҷуми малах ба Тоҷикистон идома дорад

Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Феълан майдони аз ҳуҷуми малах зарардида дар Тоҷикистон 143,1 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта он ба 86 ҳазор гектар баробар буд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» директори КВД «Мубориза бар зидди малах» Қиёмиддин Ғаниев хабар дод, сабаби аслии […]

Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Феълан майдони аз ҳуҷуми малах зарардида дар Тоҷикистон 143,1 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта он ба 86 ҳазор гектар баробар буд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» директори КВД «Мубориза бар зидди малах» Қиёмиддин Ғаниев хабар дод, сабаби аслии ба вуҷуд омадани чунин вазъ дар он аст, ки боришоти кам дар баҳори имсола ба поин омадани малах аз мавзеъи кӯҳсори хушк ба саҳрои сабзпӯш боис гардидааст. «Ҳуҷуми малах ба заминҳои кишт назаррас нест ва таҳдиди зарари он ба ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ночиз аст», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, айни замон баҳри мубориза бо ҳуҷуми малах ва коркарди кимиёвии макони зисти он ҳудуди 2 ҳазор нафар одамон, 55 адад трактор ва 2 ҳазор адад дорупошакҳои дастӣ сафарбар гардида, то кунун дар майдони беш аз 114 ҳазор гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. «Малахи марокашӣ қариб пурра нобуд карда шуда, баҳри комилан нобуд сохтани малахи итолиёвӣ дар макони зисти он коркарди кимиёвии такрорӣ гузаронида мешавад», – иброз дошт Қ.Ғаниев.

Номбурда ҳамчунин афзуд, тайи рӯзҳои ахир дар ноҳияҳои наздимарзӣ, аз ҷумла ноҳияи Панҷ афзоиши шумори малах ба мушоҳида мерасад, ки аз кишвари ҳамсояи Афғонистон омадааст, зеро дар он ҷо саҳроҳо хушк буда, бо ин ҳашароти зараррасон ба таври бояду шояд мубориза бурда намешавад.

Қобили зикр аст, ки моҳи июни соли гузашта дар Тоҷикистон Барномаи давлатии мубориза бо малах барои солҳои 2011-2015 қабул гардида, соли равон баҳри мубориза бо ин ҳашароти зараррасон ҷудо кардани 3,8 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.