Сарвари давлат ҳайати соҳибкорони Покистонро ба ҳузур пазируфт

Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Гурўҳи калони соҳибкорони Ҷумҳурии Исломии Покистонро, ки таҳти роҳбарии Раиси Идораи рушди иқтисод ва савдои Покистон Тариқ Иқбол Пурӣ тайи се рўз дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.  Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои рушди […]

Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Гурўҳи калони соҳибкорони Ҷумҳурии Исломии Покистонро, ки таҳти роҳбарии Раиси Идораи рушди иқтисод ва савдои Покистон Тариқ Иқбол Пурӣ тайи се рўз дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар, аз ҷумла бо ҷалби васеи соҳибкорону тоҷирон баррасӣ гардид.

 Тариқ Иқбол Пурӣ нахуст ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба натиҷаҳои мулоқоту сўҳбатҳои серўзаи гурўҳи 118 – нафараи соҳибкорону тоҷирони Покистон  бо роҳбарони мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гузориш дод.

 Аз ҷумла зикр гардид, ки миёни сохторҳои гуногуни ду кишвар доир ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, зироаткорӣ, моҳипарварӣ, коркарди нахи пахта, пашму пўст, меваю сабзавот, истеҳсоли семент, рушди тиҷорати мутақобила ва дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ тавофуқоти зиёд ҳосил шуд. Доир ба бунёди як корхонаи нассоҷӣ барои коркарди нахи пахта то маҳсулоти  ниҳоӣ созишнома ба имзо расид.

 ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро доир ба густариши ҳамкории энергетикӣ, ба роҳ мондани интиқоли нерўи барқ аз Тоҷикистон ба Покистон ва таъмини робитаи доимию ногусастании ду кишвар аз тариқи роҳҳои заминию ҳавоӣ таъкид намуданд.

Гуфтугўи судманд, ҳамчунин доир ба густариши робитаҳои илмию фарҳангӣ, омўзишӣ ва атрофи дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.